Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд

Октябрь 23, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 100 000 cомониро панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун: дар номинатсияи санъати тасвирӣ Шӯҳрат Ёрбобоев аз шаҳри Душанбе, дар номинатсияи навозандагӣ Муҳаммад Давлатзода аз шаҳри Душанбе, дар номинатсияи сарояндагӣ Сафарбег Раҷабов аз шаҳри Душанбе, дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Имомназар Насриддинов аз шаҳри Душанбе ва дар номинатсияи дизайн Меҳрона Абдуқодирова аз шаҳри Хуҷанд соҳиб гардиданд.

Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн, санъати тасвирӣ ва ҳар номинатсия аз рӯйи се жанр ва номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯйи ду жанр доир карда шуд. Ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (70 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуюм- ду нафар (50 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- се нафар (30 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва Диплом тақдим карда шуданд.

Тибқи Низомномаи озмун, имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Барои озмун соли 2022   2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ, соли 2023   3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ва соли 2025   7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардида буд.

Инчунин ба омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) ба тариқи суҳбат, ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ гузаронида мешавад. Ба таҳлили коршиносони соҳаи фарҳанг, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол зиёд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
То
ҳирҷ САИДЗОДА (АКС),

АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 23, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд