ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 15 октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кишоварзон муқаррар гардидааст. Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, рушди мунтазами он аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзиро аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ дониста, таъмини амнияти озуқавории мардум ва беҳдошти вазъи иқисодии аҳолиро ба дараҷаи рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста баҳогузорӣ намудаанд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Имрӯз соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, зиёда аз 61 фоизи аҳолии қобили меҳнатро бо ҷойи кор фаро гирифтааст. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳо ба таври назаррас беҳтар гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфт.
Соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 1740,5 ҳазор тонна, пахта 392,6 ҳазор тонна, картошка 1332,5 ҳазор тонна, сабзавот 33 ҳазору 77,9 ҳазор тонна, полезӣ 1144,8 ҳазор тонна, мева 954,3 ҳазор тонна ва ангур 346,1 ҳазор тонна истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 1991 ғалладонагиҳо 6 маротиба, картошка 12,6 маротиба, сабзавот 10,5 маротиба, полезӣ 22,7 маротиба, мева 5,4 маротиба ва ангур 2,7 маротиба бештар аст. Инчунин саршумори чорвои калон 2890,9 ҳазор сарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 2,1 мартиба афзудааст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7464,1 ҳазор сар ва паранда 13077,7 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки мутаносибан 2,2 маротиба ва 2 маротиба зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли равон зимни суханронӣ бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд, ки «ҳоло маҳсулоти кишоварзии мо ба зиёда аз 30 мамлакат ҷаҳон содирот карда мешавад».
Тавре аз Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 40 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 6,7 миллион доллар ё 19,7 фоиз зиёд мебошад. Аз маблағи умумии 40 миллиону 500 ҳазор доллар ба маблағи 26,5 миллион доллар меваи хушк, 7 миллион доллар меваҷот, 6 миллион доллар сабзавот ва 1 миллион доллар дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 давлати дуру наздик роҳ ёфта, 89 фоизи он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Кишти зироат
Ба хотири истифодаи самараноки заминҳои таъйиноти кишоварзӣ тибқи дурнамои сохтори кишти зироати кишоварзӣ барои ҳосили соли 2026 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар 192 ҳазору 253 гектар, кишти баҳории зироати ғалладонагӣ дар 81 ҳазору 786 гектар, зироати техникӣ 213 ҳазору 306 гектар, картошка 39 ҳазору 400 гектар, сабзавот 44 ҳазору 219 гектар, полезӣ 19 ҳазору 350 гектар ва зироати хӯроки чорво 21 ҳазору 535 гектар пешбинӣ гардида буд.
Соли 2025 барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 3,4 миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 1991 3,0 миллион тонна ё 10,5 маротиба зиёд аст. Ҳамчунин 1,3 миллион тонна полезӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 1,2 миллион тонна ё 12,5 маротиба зиёд истеҳсол шудааст. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 954,3 ҳазор тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудаанд, ки нисбат ба соли 1991 истеҳсоли мева 777,5 ҳазор тонна ё 5,4 маротиба зиёд аст. Инчунин 346,1 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 225,1 ҳазор тонна ё 2,9 маротиба зиёд аст.
Самти тухмипарварӣ
Барои кишти соли 2026 хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ тухмии зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пунбадонаи тухмӣ 4300 тонна, гандум 6756 тонна, ҷав 90 тонна, картошка 14063 тонна, шолӣ 146 тонна, юнучқа 3,8 тонна, маъсар 4,0 тонна ва зағер 2,2 тонна истеҳсол намуданд.
Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ густариш ёфта, навъҳои тухмӣ, зироати ба иқлим мутобиқ ва усулҳои нави парвариши муосири инноватсионӣ амалӣ гардидаанд. Ин раванд ба баланд гардидани ҳаҷми истеҳсол ва сифати маҳсулот мусоидат намудааст. Дар соҳаи зироаткорӣ зиёда аз 288 навъи зироати кишоварзӣ офарида, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва аз онҳо 183 навъ минтақабоб карда шуд.
Аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид, аз ҷумла технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти пуштагии зироат, кишти зериплёнкагии пахта бо усулҳои обёрии қатрагӣ ва муқаррарӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосили зироати кишоварзӣ дар як сол, истифодаи сидератсия барои нурии сабз, парвариши зироати равғандиҳанда дар кишти тирамоҳӣ, усулҳои интегратсионии ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, усулҳои такрористеҳсолкунии тухмиҳои элитаю репродуксионии зироати кишоварзӣ ва ғайра.
Рушди соҳаи боғу токпарварӣ
Дар ҷумҳурӣ 165 ҳазору 570 гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36 ҳазору 435 гектар токзор мавҷуд аст. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад.
Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Қабул ва татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат имконият дод, ки боғдорӣ ба соҳаи муҳиму сердаромади кишоварзӣ табдил ёбад.
Гармхонаҳои доимамалкунанда ва мавсимӣ
То 3 июли соли раовн дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ аз 177,6 гектар гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд. Ҳамзамон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 4 ҳазору 017 гектар гармхонаҳои мавсимӣ буда, барои таъмини мунтазами бозори истеъмолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза саҳми назаррас доранд.
Чорводорӣ
Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муҳим аст. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,9 миллион сар чорвои калон, аз он 1,5 миллион сар модагов, 29,7 ҳазор сар қутос, 7,5 миллион сар гӯсфанду буз, 96,8 ҳазор сар асп, 13,1 миллион сар паранда ва 260 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 1,5 миллион сар ё 2,1 баробар, аз он ҷумла модагов 950 ҳазор сар ё 2,6 маротиба, қутос 14,6 ҳазор сар ё 2 маротиба, гӯсфанду буз 4,1 миллион сар ё 2,2 маротиба, асп 44,2 ҳазор сар ё 1,8 маротиба, паранда 6,5 миллион сар ё 2 маротиба, занбӯри асал 198,5 ҳазор оила ё 4,2 маротиба зиёд гардидааст.
Дар баробари зиёд гардидани миқдори чорво дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гӯшт, шир ва асал зиёд шудааст. Имрӯз аксари аҳолӣ имконият дорад, ки маҳсулоти чорводориро аз истеҳсоли дохилӣ дастрас намояд. Дар ин росто истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда 454,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 1991 3,0 баробар зиёд шудааст, гӯшти паранда ба 51 ҳазор тонна расида, 3,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон истеҳсоли асал, тухм ва шир нисбат ба соли 1991 мутаносибан 6,5 баробар, 2,1 баробар ва 2 баробар зиёд шудааст.
Моҳипарварӣ
Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 адад кӯлҳои табиӣ, 8 адад обанборҳо ва 432 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 45879 гектар, ки аз он 42 ҳазору 931 гектар обанборҳо ва 2948 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешаванд. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли моҳии молӣ ба 2002 тонна расонида шуд, ки нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2025 5 фоиз зиёд мебошад.
Занбӯриасалпарварӣ
Соҳаи занбурпарварӣ низ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. То 1 августи соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 270 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 718,3 тонна асал истеҳсол карда шудааст.
Парандапарварӣ
Парандапарварӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти серғизо ва сафедадор нақши назаррас дорад. То 1 июли соли 2026 дар ҷумҳурӣ 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 142 адад ба вилояти Суғд, 40 адад ба вилояти Хатлон ва 52 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад






