Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд

Октябрь 16, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо», ки аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, меҳмонон ва иштирокчиёни анҷуман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Меҳмонон сараввал бо фаъолияти осорхона ва нақши он дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос гардиданд. Зимни сайри осорхонавӣ иштирокдорони анҷуман толорҳои намоишии осорхонаро тамошо карда, бо таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ, бозёфтҳои таърихӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва дигар арзишҳои гаронбаҳои фарҳангии кишвар шинос шуданд.

Меҳмонон ба осори таърихию фарҳангии дар толорҳои осорхона маҳфузбуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба баъзе ёдгориҳо маълумоти муфассал гирифтанд.

Боздиди иштирокдорони анҷуман аз Осорхонаи миллӣ барои шиносоии бештар бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, ташаккул ва

рушди фарҳанги миллӣ, инчунин саҳми арзандаи ниёгони тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Баргузории Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон таҳти унвони «Забони мо — ҷаҳони мо» барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва арҷгузорӣ ба забон ҳамчун омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пайванди тамаддунҳо аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина боздиди иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон «Забони мо — ҷаҳони мо» аз Осорхонаи миллӣ ба муаррифии таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид