«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад

Октябрь 26, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рӯзҳои ФИФА-и  моҳи ноябр дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар марҳилаи нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Умон рақобат мекунад. Умон дар раддабандии амалкунандаи ФИФА мақоми 81-умро ишғол менамояд. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.

Ғолибони бозиҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Рақобатҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2026» 17 ноябр доир хоҳанд шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Октябрь 26, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад