Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Октябрь 5, 2026 16:16

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, раванди бунёди иншооти асосии неругоҳ ва корҳои анҷомёфта аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хос дошта, татбиқи он ба ташаббус ва талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи зич дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зарурати бунёди ин иншооти бузургро ҳамчун омили муҳимми таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакат пайгирона матраҳ намуда, раванди татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни боздид изҳор намуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар баробари аҳаммияти бузурги энергетикӣ доштан барои мардуми Тоҷикистон аҳаммияти баланди миллӣ ва таърихӣ дорад. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ин тарҳи бузурги миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфта, ҳазорон мутахассисону сохтмончиён дар бунёди он саҳми арзанда мегузоранд. «Роғун» имрӯз на танҳо рамзи истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, балки намунаи равшани ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, заҳмати созанда ва муттаҳидии мардуми кишвар дар атрофи ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.

Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳнамоии масъулини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз маҳали сохтмони сарбанди неругоҳ дидан намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ ва хусусияти асосии техникии ин иншоот шинос шуданд. Ҳангоми боздид ҳамчунин оид ба миқёси корҳои анҷомдода, раванди бунёди иншооти асосии неругоҳ ва нақши мутахассисону кормандони соҳа дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги миллӣ маълумот пешниҳод гардид. Барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон шиносоии наздик бо раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкони арзёбии воқеии миқёси ин лоиҳаро фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар баробари таҳкими иқтидори энергетикии кишвар барои рушди саноат, тавсеаи истеҳсолот, фароҳам овардани заминаҳои нави рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Бунёди ин неругоҳ ҳамчунин дар самти расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши калидӣ мебозад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 5, 2026 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид