Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаи такмили лоиҳаи ниҳоии қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён намуданд.
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва таъриху фарҳангсозӣ бо суръат идома дорад, мероси таъриху бостонӣ ва фарҳангӣ ба рукни асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, омили худшиносию худогоҳии ҳар миллат табдил ёфтааст.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурате ба миён омадааст, ки олимони соҳаи таъриху бостоншиносӣ бояд таъриху тамаддуни тоҷикро амиқтар таҳлил ва пажӯҳиш намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби мутахассисон ва пажўҳишгоҳҳои соҳавӣ таҳқиқот ба анҷом расонида шуда, ба нашр ва паҳн намудани асарҳои илмӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат карда шавад.
«Дар воқеъ, новобаста аз он ки зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавии бостоншиносӣ мавҷуд нест»,-изҳор гардид дар ҷаласа.
Ёдовар мешавем, ки барои таҳияи лоиҳаи ин қонун дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (16 декабри соли 2025) дастур дода шуд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.
Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






