Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид. Дар ин рӯз гирандагони Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми номинатсияҳо бо 70 000, 50 000 ва 30 000 сомонӣ, инчунин Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «дар даври сеюми озмун беш аз 500 довталаб иштирок намуд, ки аз инҳо 143 нафар ғолиби даври ҷамъбастӣ гардид. Озмун муарриф ва кашфкунандаи чеҳраҳои нави соҳаи фарҳанг мебошад».
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» яке аз озмунҳои муҳими фарҳангии мамлакат ба шумор меравад, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат, рушди маҳорати касбӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷик баргузор мегардад.
Барои баргузории он дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони озмун на танҳо ҷоизаи пулӣ мегиранд, балки соҳиби имтиёзҳои махсуси таълимӣ низ мегарданд.
Тибқи Низомнома, озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, нaвозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид.
Дар ин рӯз омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум гардидаанд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин устодоне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври аввал то даври сеюм омода намудаанд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Тафсилоти бештари хабар нашр мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






