Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд

Октябрь 15, 2026 17:25

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷалби сармоя аз бозорҳои байналмилалӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ ва истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Бангкок дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони ширкати байналмилалии молиявии «Rothschild & Co» баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба беҳтар гардидани рейтингҳои байналмилалии қарзии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои таҳкими эътимоди сармоягузорон ва васеъ намудани имкониятҳои ҷалби маблағгузорӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла истифодаи хизматрасониҳои машваратии ширкат барои тақвияти робитаҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди ҷумҳурӣ табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2026 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд