Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд

Октябрь 22, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи баргузории   Намоиши байналмилалии  «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир»  дар Италия қарор дорад,  Нигористони Боргезе (Galleria Borghese)-ро, ки   яке аз маъруфтарин осорхонаҳои санъати ҷаҳонӣ дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия мебошад, тамошо намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Нигористони Боргезе яке аз осорхонаҳои машҳури санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ дар ҷаҳон буда, дар ҳудуди боғи таърихии Вилла Боргезе ҷойгир аст. Он бо коллексияи нодири асарҳои рассомону ҳайкалтарошони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Караваҷо, Рафаэл, Титсиан, Ҷан Лоренсо Бернини ва Антонио Канова шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

Ҳайати Тоҷикистон бо шоҳкорҳои санъати ҷаҳонӣ ва мероси ғании фарҳангии Италия шинос гардид. Асарҳои нодири рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ, ки марҳилаҳои гуногуни рушди санъати Аврупоро инъикос менамоянд, таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуданд.

Нигористони Боргезе на танҳо бо коллексияи беназири осори санъат, балки бо муҳити зебои таърихӣ ва боғи сабзу хуррамаш низ маъруф аст. Он яке аз маконҳои муҳими фарҳангии Рим ба ҳисоб рафта, ҳамасола диққати ҳазорон дӯстдорони санъат ва таърихро ҷалб менамояд.

                 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 22, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд