Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Бо Ли иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Зимни муҳокимарониҳо иштирокдорони ҳамоиш оид ба рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа, суботи макроиқтисодӣ, нигаҳдории таваррум, устувории низоми молиявӣ, таъмини суботи нархҳо, идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва дигар масъалаҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию молиявӣ табодули назар карданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба диверсификатсияи содирот, таҳкими амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои нав ва густариши ҳамкории минтақавӣ маълумот доданд.
Дар ҳамоиш густариши ҳамкории минтақавӣ ҳамчун омили муҳимми истифодаи самараноки иқтидори иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Иброз гардид, ки идомаи муколамаи мунтазам байни кишварҳои минтақа ва Хазинаи байналмилалии асъор дар таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нақши назаррас дорад.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур аз Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода иборат аст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






