Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Октябрь 16, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Таиланд ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таконҳои иқтисодӣ, номуайяниҳо ва сиёсати пулию қарзӣ» (Shocks, Uncertainty, and Monetary Policy) баргузор гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа таъсири таконҳои иқтисодӣ ва хавфҳои геосиёсӣ ба суботи макроиқтисодӣ, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу маҳсулот, аз ҷумла нафт, сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин роҳҳои татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ дар шароити номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон иштирокдорон доир ба таъсири эҳтимолии технологияҳои нав, аз ҷумла таъсири зеҳни сунъӣ ба рушди иқтисодӣ, сатҳи таваррум ва бозори меҳнат мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҷрибаи кишварро дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини суботи макроиқтисодӣ дар шароити таъсири омилҳои берунӣ муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, ба таъсири тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, хароҷоти нақлиёту логистика ва вазъи иқтисодии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки дар шароити номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ арзёбии хусусият ва давомнокии таконҳои иқтисодӣ, инчунин муайян намудани таъсири онҳо ба сатҳи таваррум барои қабули қарорҳои асосноки сиёсати пулию қарзӣ муҳим мебошад.

Дар ин замина, зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, мониторинги хавфҳои эҳтимолӣ ва нигоҳ доштани чандирии сиёсати пулию қарзӣ баён гардид. Дар ҷараёни ҷаласа инчунин ба аҳаммияти шаффофият ва муоширати муассири бонкҳои марказӣ бо ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Гуфта шуд, ки шарҳи саривақтии қарорҳои сиёсати пулию қарзӣ ва омилҳои таъсиррасон ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои иқтисодӣ ба сиёсати пешгирифтаи бонкҳои марказӣ мусоидат менамояд.

        АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд