Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд

Октябрь 17, 2026 12:00

НОРАК, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони  Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027  ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро  мувофиқи нақша гузарониданд.  Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Анвар Киромаддинов иттилоъ  дод.

То имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо  барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баъзе корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии неругоҳ,  гузаронидани корҳои профилактикӣ дар  дегҳои барқии №3,4,5-и  системаи гармидиҳии барқӣ, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагер,  омода намудани нақлиёт ва трактори намуди Т-170 ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳоро сад фоиз  иҷро намудаанд.

Дар айни замон дар баъзе  гидроагрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак»  корҳои навсозӣ ва мувофиқи нақшаи неругоҳ таъмири ҷорӣ идома доранд.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.

Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Тоҷиддин Зайниддинов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда,  қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид. Боми бинои анбори марказии №3-и неругоҳ қисман иваз гардид. Тирезаҳои бинои толори мошинҳо ва бинои маъмурии неругоҳ пурра шишабандӣ карда шуданд.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар  роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ  зиёда аз 30 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ дар айни замон дар  баъзе генераторҳои неругоҳ таъмири ҷорӣ идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд