Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар мавзуи «Рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути таҳсилоти бисёрзабона дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишаст Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки чунин вохӯриҳо имкони муҳимми мубодилаи таҷрибаи миллӣ ва муайян намудани роҳҳои истифодаи гуногунрангии забонӣ ба манфиати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ мебошанд.
Изҳор гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва омӯзиши забонҳо дар сиёсати давлатии мамлакат мавқеи муҳим дорад. Муносибати Тоҷикистон ба ин самт бар таҳкими забони давлатӣ ҳамчун омили асосии ваҳдати ҷомеа, эҳтиром ба забони модарӣ ва фароҳам овардани имконияти бештари омӯзиши забонҳои хориҷӣ асос меёбад. Ҳадафи асосӣ аз ин раванд фароҳам овардани шароите аст, ки ҳар хонанда тавонад донишҳои заруриро азхуд намуда, дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок кунад ва барои интихоби касби ояндаи худ имконияти васеъ дошта бошад.
Ҳамзамон ба таҷрибаи Тоҷикистон дар ташкили таълим бо забонҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз гардид, ки дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ инчунин забонҳои русӣ, узбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ таълим дода мешаванд.
Дар мамлакат муассисаҳои таълимие низ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо таълим бо якчанд забон ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки мавҷудияти равияҳои гуногуни забонии таълим худ аз худ кафолати гирифтани таҳсилоти комили бисёрзабона нест. Аз ин рӯ, сифати таълим, самаранокии усулҳои омӯзиш ва натиҷаҳои воқеии азхудкунии дониш аз ҷониби хонандагон бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд






