Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи пайгиронаи тавофуқоти ҳосилшуда, инчунин иҷрои вазифаҳои бамиёнгузоштаи сарони давлатҳо, ки ба такмили минбаъдаи фаъолияти созмон равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни нишасти матбуотие, ки пас аз ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ баргузор гардид, изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки талошҳои асосӣ ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзо равона гардиданд.
Бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани робитаҳо корҳо барои таҳияи механизмҳои ҳамкории қаблан тасдиқшуда идома ёфтанд.
«Дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назари созанда доир шуд. Тавофуқҳои ҳосилшуда дар қарорҳо ва санадҳои қабулгардида инъикос ёфтаанд. Мо бар ин назарем, ки давоми чоряки асри гузашта Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун сохтори бонуфузи бисёрҷониба ва механизми самаранок барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии устувор ташаккул ёфта, механизмҳои самараноки ҳамкорӣ фароҳам оварда шудаанд», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Иброз гардид, ки дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030 оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, консепсияи таъсиси платформаи рақамии СҲШ барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва санади марбут ба махзани маълумоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ ва соҳибкорӣ, нақлиёту логистика, истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисод, дастгирии стартапҳо ва такмили механизмҳои ҳамкории зиддиинҳисорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки иштирокдорони ҷаласа зарурати таҳкими низоми тиҷоратию иқтисодии боз, фарогир ва ғайритабъизиро, ки бар қоидаҳои Созмони ҷаҳонии савдо асос ёфтааст, таъкид карданд. Зеро истифодаи имконоти Созмони ҳамкории Шанхай барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамкории мутақобили судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар ҷаласа ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии роҳи оҳан, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, ҳамкории илмӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Қоҳир Расулзода афзуд, ки такмили минбаъдаи таҷдиди идоракунии иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳкими низоми савдои кушод, фарогир ва бисёрҷониба зарур аст.
«Таҷрибаи андӯхта ва иқтидори Созмони ҳамкории Шанхай барои гузариш ба марҳилаи нави ҳамкорӣ, ки ба таҳкими пайвастагии иқтисодӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудааст, заминаи зарурӣ фароҳам меорад»,-изҳор дошт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.
Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






