Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон машварати илмӣ-амалӣ минтақавӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи асосии ин ҳамоиш баррасии роҳҳои муосири баланд бардоштани ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ ва пахта, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва мутобиқ намудани соҳаи кишоварзӣ ба шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар ин рӯз иштирокчиён доир ба истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, амалӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, такмили усулҳои агротехникии парвариши зироати кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба масъалаи таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хоҷагидорон метавонанд, дар асоси шартнома тухмии хушсифати навъҳои гуногуни зироати кишоварзиро дастрас намуда, бо дастовардҳои илмӣ, фаъолияти озмоишӣ ва таҷрибаи олимони институт аз наздик шинос шаванд.
Мутахассисон омоданд, ки барои интихоби навъҳои мувофиқ, истифодаи тухмии хушсифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи технологияҳои муосири парвариш тавсияҳои илмӣ пешниҳод намоянд. Зеро ҳамкории пайвастаи олимону кишоварзон яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома иштирокчиён бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастовардҳои Институти зироаткорӣ шинос шуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






