«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид

Октябрь 17, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон ҷашни пуршукуҳи кишоварзон, ҷамъоварии ҳосили деҳқонон ва омодагии замин ба кишти оянда дар оғози зимистон аст. Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ ва бостонии  фарҳанги ориёист. Чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон дар  ҷашни Меҳргон  анъанаҳои арзишманди деҳқонону кишоварзон, фарҳанги кишоварзӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ, ғизои солим ҳамчун шарти асосии нигоҳдошти саломатии инсон, нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастовардҳои илми кишоварзии ватанӣ  рӯнамоӣ карда мешаванд. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи ҷашни Меҳргон баён намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни бостонии тоҷикон — Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манораҳо ва ороишоти махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар неъматҳоро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллии гуногун омода ва пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуданд.

Дар гӯшаи дигари боғ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳар кадоми онҳо ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон мебошад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз ин намоиши пуршукӯҳ гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини офтобрӯя-Тоҷикистон баҳра мебурданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷашни мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи пешқадами деҳқонӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли равон дар 845,3 ҳазор гектар кишти зироат гузаронида шудааст. Аз ин майдон зироати ғалладонагӣ 369,1 ҳазор гектар, зироати техникӣ 187,3 ҳазор гектар, картошка 68 ҳазор гектар, сабзавот 77,4 ҳазор гектар, полизиҳо 25 ҳазор гектар ва зироати хӯроки чорво 118,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.

То 1 октябри соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1,4 миллион тонна, пахта 206 ҳазор тонна, картошка 1,03 миллион тонна, сабзавот 2,8 миллион тонна, полизӣ 1,1 миллион тонна, мева 710 ҳазор тонна ва ангур ба 279 ҳазор тонна расонида шуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар нуҳ моҳи соли равон 24 452 тонна шолӣ аз кишти асосӣ ва 18 825 тонна аз кишти такрорӣ истеҳсол гардидааст. Инчунин то 1 октябр 710 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки аз он 229 ҳазор тоннаашро себ ва 279 ҳазор тоннаашро ангур ташкил медиҳад.

Занбӯрпарварӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, ҳоло дар мамлакат 262 ҳазор оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3530 тонна асали аълосифат истеҳсол карда шуд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти ин сунатҳо буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардида, ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.

Дар ҷамъбасти Ҷашни Меҳргон ба кишоварзони фаъоли мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, Намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур таҷлил гардид.

Ин ҷашнҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд