Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад

Октябрь 21, 2026 14:22

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 23 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар назар аст, ки дар форуми байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намоянд.

Ҳадафи асосии форум муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.

Тибқи барномаи пешбинигардида, рӯзи якуми форум бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон оғоз гардида, инчунин имконоти иқтисодию сармоягузории минтақа муаррифӣ карда мешаванд.

Дар доираи форум баргузории се панели соҳавӣ дар мавзуъҳои зерин: «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ», «Соҳаи саноат – омили асосии рушди иқтисодиёт ва заминаи мусоид барои сармоягузорон» ва  «Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика» пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар форум масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар доираи форум мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B (бизнес бо бизнес) ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.

Дар рӯзи дуюми форум- 23 октябр иштирокчиён тибқи барнома ба шаҳри Норак сафар намуда, дар Фестивали «Анор» иштирок мекунанд. Ҳамчунин бо дархости меҳмонон боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешбинӣ гардидааст.

Интизор меравад, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест–2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон ва амалӣ намуданӣ ҳамкории нави судманд заминаи мустаҳкам мегузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

 

Октябрь 21, 2026 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд