Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14–15 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад.
Дар доираи форум намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, стартапҳо ва намояндагони экосистемаи венчурӣ барои баррасии имконияти нави сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳамкории нав ҷамъ меоянд.
Форум инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






