Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.
Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуданд.
Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст.
Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст.
Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос пазироии самимӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






