Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 760 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат.
Сарвари давлат баён доштанд, ки ин маблағҳо барои бунёди неругоҳу хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва рушди дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ истифода гардидаанд. Дар ин раванд, ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ба истеҳсолот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бояд ҳамдигарро тақвият диҳанд, яъне давлат инфрасохтори заруриро фароҳам меоварад ва сармояи хусусӣ ба таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав равона карда шавад.
Соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» қабул ва «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» тасдиқ гардид, ки муқаррароти ин санадҳо бояд дар ҳама сатҳҳо пурра ва яксон татбиқ карда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ дар баробари ҳаҷми сармоя самаранокии истифодаи он низ бисёр муҳим мебошад.
«Зарур аст, ки сармояи ҷалбшуда ба ташкили иқтидори нави истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир, таъмини шуғли пурмаҳсул, афзоиши содирот ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардад. Созишномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои муҳимми истеҳсоливу энергетикӣ мусоидат намоянд»,–тазаккур доданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Иброз шуд, ки дар ин самт иҷрои саривақтии уҳдадориҳои ҳам давлат ва ҳам сармоягузор бояд таъмин карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






