Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»

Октябрь 17, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем. Чунин иброз намуданд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон.

        Сарвари давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем.

«Дар марҳилаи имрӯзаи давлатдории тоҷикон ҷашни Меҳргон бояд ба рамзи қадршиносии неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти босифати ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави кишоварзӣ ва технологияҳои ҳозиразамон табдил дода шавад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки  ҷараёни баргузории ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргон минбаъд бояд тавассути расонаҳои хабарии электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклҳои ҷолибу таъсирбахш инъикос гардад. Дар ин замина, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ метавонанд ба майдони муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги қадимаи тоҷикон ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар табдил ёбанд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд