Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 24, 2026 11:54

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳорро ифтитоҳ намуданд.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 то 300 тонна моҳиро ташкил медиҳад ва дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми он ба 1000 тонна дар як сол расонда шавад.

То имрӯз ширкати ватании Баҳор 120 тонна моҳии яхкардашударо ба Федератсия Русия содирот намудааст. Ширкат, ҳамчунин барои содирот ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Маҷористон ва Англия гуфтушунидҳо ба роҳ мондааст. Барои роҳандозии ҳамкорӣ бо чанд кишвари дигар низ намунаи маҳсулот фиристода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи нав 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар рафти сохтмони коргоҳ, ки аз соли 2024 оғоз ёфтааст, 40 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида буд.

Масоҳати коргоҳи нав 30 садякро ташкил дода, таҷҳизоти истеҳсолу коркарди он аз ширкатҳои пешрафтаи чинӣ вориду насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳ раванди коркарди моҳӣ ва ҷамъоварии тухми он муаррифӣ карда шуд. Дар коргоҳ гушт ва ҳам тухми моҳӣ барои содирот истеҳсол мегардад.

Моҳӣ аввал дар табақҳои калони махсус тоза шуста шуда, барои коркарди минбаъда омода мегардад. Дар ҳуҷраи дигар тухм аз моҳӣ ҷудо ва дар зарфҳо ҷо дода мешавад. Раванди минбаъдаи коркард аз буридан ва яхкунонӣ иборат аст. Баъди коркарди пурра моҳӣ ва тухми он дар қуттиҳо ҷо ба ҷо ва дар сардхона захира мегардад.

Дар ҳамин мавзеъ пас ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхонаи коркарди моҳӣ ва сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна барои оғози сохтмон асос гузоштанд.

Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкат уҳдадор шуд, ки барои таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифати экологӣ дар шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳ як корхонаи калони коркарди моҳӣ бунёд намояд.

Дар ҳавзҳои ширкати Баҳор ҳоло зиёда аз 1000 тонна моҳӣ парвариш карда мешавад ва оянда бо бунёди ҳавзҳои нав имкони афзун кардани ҳаҷми он мавҷуд аст.

Ҳоло дар хоҷагии моҳипарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳор 500 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар ҳавзҳои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳор асосан гулмоҳии навъҳои рангинкамон ва заррин парвариш карда мешавад.

Маҳсулоти хоҷагии моҳипарварии Баҳор босифат ва ҷавобгуи талаботи ҷаҳонӣ буда, ширкат дорои сертификатҳои байналмилалии ИСО ва Ҳалол аст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 октябри соли 2020 хоҷагии моҳипарвариро ифтитоҳ намуда, 10 ноябри соли 2022 бо фаъолияти он шинос шуда буданд.

Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ, содироти он, ташкили марказҳои фуруши моҳӣ ва ошхонаву тарабхонаи таомҳои моҳигӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, то имрӯз супоришҳои Роҳбари давлат ба таври зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ҳоло аз ҷониби ҶДММ Баҳор дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтари вилояти Хатлон ва дигар ноҳияҳо зиёда аз 10 нуқтаи фуруши гулмоҳӣ ва 10 ошхонаву тарабхона ташкил карда шудааст, ки пурсамар фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар тарабхонаи Баҳор Форели шаҳри Душанбе, ки 16 июли соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфта буд, аз ҷониби соҳибкор зиёда аз 150 ҷои кории доимӣ ташкил гардидааст.

Соҳибкори ватандӯст уҳдадор шуд, ки барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои навро идома медиҳад. Онҳо ният доранд бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, оянда содироти моҳиро афзун намоянд.

Аз ҷумла, дар асоси дурнамо ба муносибати 40-солагии истиқлоли давлатӣ ширкат нақша дорад то соли 2031 ҳавзҳои парвариши моҳиро ба 50, истеҳсоли моҳии молиро то ба 4000 тонн, дар ҳавзҳои калон ба роҳ мондани моҳипарварии сабадӣ, истеҳсол ва парвариши моҳича — кирминамоҳиро аз 2 миллион то ба 4 миллион расонад.

Ҳамчунин, роҳбарияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳор бо истифода аз имконоти молиявӣ дар оянда бунёди корхонаи коркард ва банду басти моҳӣ, коргоҳи яхкунонӣ бо сардхона, анбори нигоҳдории моҳии яхкардашуда дар ҳаҷми калон ва бунёду ба истифода додани мактаби рақами 33 барои 1500 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба нақша гирифтаанд.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст Саидмуҳриддин Сайфов барои обод кардани як гӯшаи диёр, рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ташкили коргоҳи коркарди моҳӣ ба хотири ба роҳ мондани содироти он баҳои арзанда доданд.

Октябрь 24, 2026 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд