ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?

Октябрь 25, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки аз моҳи ноябри соли 2026 дар Федератсияи Русия қонуни «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия» мавриди амал қарор мегирад, ки тибқи он шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мегарданд, зиёд карда мешавад. 

Тибқи ин қонун, шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои вайрон кардани онҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои ихроҷ аз ҳудуди Русия пешбинӣ шудааст, аз 22 ба 45 модда расонида мешавад.

Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, балки барои якчанд ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Аз ҷумла, қонуни нав имкони ихроҷро барои ҳуқуқвайронкуниҳои зерин пешбинӣ менамояд:

– майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ;

– итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

– вайрон кардани қоидаҳои баргузории ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ;

– паҳн ё намоиш додани рамзҳо ва маводи экстремистӣ ё мамнуъ;

– барангехтани адоват ва бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа;

– бадномсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия тибқи муқаррароти қонунгузории ин давлат;

– даъватҳои оммавӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ё вайрон кардани тамомияти арзии Русия;

– монеа эҷод кардан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дигар амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ.

Инчунин тибқи ин қонун баъзе ҳуқуқвайронкуниҳое, ки қаблан бо ҷарима анҷом меёфтанд, минбаъд метавонанд боиси ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ гарданд.

Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия талаботи қонунгузории ин мамлакатро қатъиян риоя намоянд.  Аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми нашри мавод, навор, акс ё изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд тағйироти нави қонунгузориро ба инобат гирифта, барои пешгирии ҷарима, ихроҷ ва дигар оқибатҳои ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба ин масъалаҳо шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68, инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм муроҷиат намоянд.  Реҷаи корӣ аз соати 09:00 то 18:00.

– ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,

+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;

– ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;

– ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;

– ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;

– ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;

– ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

– ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;

– ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;

– ҳавзаи федералии Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7(914) 202-09-56;

– минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33.

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

 

 

Октябрь 25, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст