РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад

Октябрь 18, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи  миллии «Тоҷи Сомон» (аз 15 то 20 октябр)  дар шаҳри Душанбе  Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар кинотеатри «Наврӯз»-и пойтахт ба тамошобинон се филми нави Ҷумҳурии Қирғизистон: «Фармоиш»– (Заказ), «Мо ду нафар» – (Экообуз) ва «Асир» – (Туткун) намоиш дода мешаванд. Тамошобинон беҳтарин намунаҳои синамои муосири қирғизро дида, тавассути санъати кино бо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми қирғиз шинос мегарданд.

Рӯзҳои синамои Қирғизистон имконияти хуб барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.

Санъати синамо дар рушди муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамзамон ташаббусҳои муштараки фарҳангӣ барои густариши робитаҳои гуманитарӣ байни ду давлат хизмат менамоянд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

Октябрь 18, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид