Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»

Октябрь 4, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро омӯзгор фарди меҳварии соҳаи маориф буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Барои таҳкими нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа дар сиёсати маориф кадом иқдомҳоро амалӣ намудан зарур аст?

Раҳим Саидзода: Таҳкими нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, таъмини шароити муносиб ва рушди маҳорати касбӣ вобаста аст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъалаҳо дар сиёсати давлатии маориф ҷойгоҳи муҳим доранд. Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад. Дар марҳалаи кунунӣ муҳим аст, ки тадбирҳои дастгирии омӯзгор ба беҳтар шудани фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ мусоидат намоянд. Татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», фароҳам овардани имконоти такмили ихтисос ва таъмини муассисаҳо бо воситаҳои зарурии таълим аз қадамҳои асосӣ дар ин самт мебошанд.

Китобҳои дарсии босифат, дастурҳои методӣ, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти муосир ба омӯзгор имкон медиҳанд, ки дарсро бо таҷриба ва фаъолияти мустақилонаи хонандагон алоқаманд намояд. Ҳамзамон истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд ба ҳадафҳои таълим ва ниёзҳои хонанда мувофиқ бошад. Самти дигари муҳим, арзёбии мунтазами сифати таҳсилот аст. Чунин арзёбӣ бояд мушкилоти азхудкунии донишро муайян карда, барои ислоҳи онҳо роҳ нишон диҳад. Натиҷаи он ба омӯзгор дар интихоби усули таълим, кор бо хонандагони ба кумак ниёзманд ва рушди қобилияти шогирдони соҳибистеъдод ёрӣ мерасонад.

Барои устувор шудани натиҷаҳо иштироки омӯзгорон дар баррасии масъалаҳои таълим, таҳияи маводи методӣ ва мубодилаи таҷриба аҳаммият дорад. Дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ вақте самараи бештар медиҳад, ки бо масъулияти касбӣ ва таваҷҷуҳ ба пешрафти ҳар хонанда ҳамроҳ бошад.

АМИТ «Ховар»: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» барои баланд бардоштани ҷойгоҳ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор чӣ имконоти нав фароҳам меорад?

Раҳим Саидзода:  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 17 декабри соли 2025 заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии фаъолияти омӯзгорро таҳким мебахшад. Аҳаммияти асосии он дар таъмини эҳтироми иҷтимоии омӯзгор бо кафолатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ зоҳир мегардад.

Якум, қонун ҳифзи шаъну шараф ва мустақилияти касбии омӯзгорро тақвият мебахшад. Омӯзгор ҳуқуқ дорад, ки шаклу усулҳои таълимро дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот интихоб намуда, донишу малакаи таълимгирандагонро мустақилона ва воқеъбинона арзёбӣ кунад. Ҳамчунин тибқи талаботи қонун амалҳое, ки ба паст задани шаъну шарафи ӯ равона шудаанд, манъ карда шудаанд. Ин кафолатҳо ба таҳкими эътимоди омӯзгор ба фаъолият ва ташаккули муносибати боэҳтиромона миёни ӯ, таълимгирандагон ва падару модарон мусоидат мекунанд.

Дуюм, қонун барои ҳифзи вақти корӣ ва фаъолияти касбии омӯзгор замина фароҳам меорад. Манъи ҷалби ӯ ба корҳои ба таълиму тарбия бегона, санҷишу назорати ғайрисоҳавӣ ва талаб кардани ҳисоботу маълумоти берун аз фаъолияти омӯзгорӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи бештар ба омодасозии дарс, омӯзиши адабиёти касбӣ ва кор бо таълимгирандагон равона гардад.

Сеюм, қонун дастгирии моддӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорро мушаххас менамояд. Пардохти музди меҳнат барои сарбории иловагии таълимӣ, иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ ва қадршиносии дастовардҳои таълимӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Барои омӯзгороне, ки аз минтақаҳои дигар ба деҳот сафарбар мешаванд, таъмини манзил ё маблағи иҷораи он низ пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо зарурати касби омӯзгориро таъкид намуда, ба нигоҳ доштани кадрҳои соҳибихтисос мусоидат намоянд.

Чорум, қонун имконоти рушди касбиро васеъ мекунад. Ҳуқуқ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, инчунин гирифтани таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгорӣ ба таври ройгон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои такмили дониш ва маҳорати омӯзгор замина мегузорад.

Самараи воқеии ин имконот ба татбиқи пайгиронаи муқаррароти қонун вобаста аст. Вақте ки кафолатҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳаррӯза амалӣ мешаванд, омӯзгор метавонад бо эътимод ва масъулияти бештар ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор ҳамзамон сармоягузорӣ ба сифати таҳсилот ва ояндаи ҷомеа мебошад.

АМИТ «Ховар»:  Барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва шароити фаъолияти касбии омӯзгорон кадом тадбирҳо пешбинӣ шудаанд?

Раҳим Саидзода: Дастгирии иҷтимоии омӯзгорон баланд бардоштани музди меҳнат, пардохти саривақтии он, ҳавасмандгардонии меҳнат ва таъмини шароити мусоиди корро фаро мегирад. Ин тадбирҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва афзоиши ҳавасмандии касбии омӯзгорон аҳаммияти меҳварӣ доранд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1 сентябри соли 2026) зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз муқаррар шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» пардохти музди меҳнат ва маблағи рухсатии меҳнатиро кафолат дода, ба таъхир гузоштани онҳоро манъ мекунад. Ҳамчунин аз музди меҳнати омӯзгор гирифтани маблағ барои обуна ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ ва хариди лавозимоти таълимӣ манъ аст.

Барои қадршиносии натиҷаҳои меҳнати омӯзгор низ тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро мегиранд, инчунин омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз иловапулӣ бархӯрдор мешаванд. Қонун пардохти маблағ барои хидматрасониҳои коммуналиро низ пешбинӣ мекунад.

Дар баробари дастгирии молиявӣ омӯзгор бояд дар ҷойи кор бо маводи таълимӣ, дастурҳои методӣ ва воситаҳои зарурӣ таъмин бошад. Муҳити солими корӣ ва муносибати боэҳтиромонаи роҳбарият ба ӯ имкон медиҳанд, ки неруву вақти худро бештар ба таълиму тарбия бахшад. Самараи тадбирҳои иҷтимоӣ аз иҷрои пайгиронаи онҳо дар ҳар муассиса вобаста аст.

АМИТ «Ховар»: Барои баланд бардоштани масъулият ва маҳорати касбии омӯзгорон кадом тадбирҳоро бояд андешид?

Раҳим Саидзода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Омӯзгор бояд дар баробари дониши амиқ ва маҳорати касбӣ бо рафтору гуфтори худ барои шогирдон намуна бошад. Аз ин рӯ, рушди маҳорати омӯзгор бо тақвияти масъулияташ дар назди ҷомеа ва ояндаи насли наврас пайванд дорад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, ба такмили ихтисос ва бозомӯзии мунтазами омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Ҳадаф аз ин тадбирҳо навсозии донишҳои касбӣ, омӯзиши усулҳои самарабахши таълим ва баланд бардоштани қобилияти истифодаи технологияҳои муосир дар раванди дарс мебошад.

Ҳамзамон таъмини омӯзгорон бо китобҳои дарсии босифат, дастурҳои методӣ ва воситаҳои муосири таълим барои беҳтар шудани фаъолияти касбии онҳо аҳаммияти муҳим дорад. Истифодаи ҳадафмандонаи маводи рақамӣ ва усулҳои фаъоли таълим имкон медиҳад, ки хонандагон дар раванди дарс фаъолона иштирок кунанд, мустақилона андеша ронанд ва донишҳои гирифтаашонро дар амал истифода намоянд. Дар баробари ин, мубодилаи таҷриба, ҳамкории омӯзгорон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ бояд ҷузъи доимии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бошад.

Омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ ва эҳсоси ватандӯстии хонандагон низ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба Ватан, қонун, падару модар ва арзишҳои миллӣ муносибати пайваста ва намунаи шахсии омӯзгорро талаб мекунад. Барои самаранокии ин раванд ҳамкории мунтазами мактабу оила зарур аст, зеро тарбия дар оила оғоз ёфта, дар муассисаи таълимӣ таҳким меёбад.

Баланд бардоштани масъулият ва маҳорати касбӣ аз ҳар омӯзгор омодагии ҷиддӣ ба дарс, омӯзиши пайваста, риояи одоби касбӣ, арзёбии одилонаи дониши хонандагон ва муносибати боэҳтиром ба шахсияти онҳоро тақозо мекунад. Таваҷҷуҳ ба қобилияту ниёзҳои ҳар хонанда ва таҳлили натиҷаҳои таълиму тарбия низ бояд дар меҳвари фаъолияти ӯ қарор гирад. Самараи чунин фаъолият дар он зоҳир мешавад, ки шогирд дар баробари азхуд кардани дониш, мустақилона фикр карданро меомӯзад ва ҳамчун шахси боодоб, ватандӯсту масъулиятшинос ба камол мерасад.

АМИТ «Ховар»:  Оила дар баланд бардоштани обрӯйи омӯзгор чӣ нақш дорад ва кадом корҳои муштарак мавқеи ӯро дар назди кӯдак устувор месозанд?

Раҳим Саидзода:  Оила дар баланд бардоштани обрӯи омӯзгор нақши муҳим дорад, зеро муносибати кӯдак бо устод аз гуфтору рафтори падару модар низ таъсир мегирад. Вақте ки волидон дар бораи омӯзгор бо эҳтиром сухан мегӯянд, заҳмати ӯро қадр мекунанд ва ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, кӯдак низ омӯзгорро ҳамчун роҳнамо ва шахси сазовори эҳтиром мешиносад. Аз ин рӯ, ҳамкории пайвастаи оила ва мактаб ҳам ба таҳкими обрӯи омӯзгор ва ҳам ба пешрафти хонанда мусоидат мекунад.

Табодули назар ба падару модар ва омӯзгор имкон медиҳад, ки ниёзҳои хонандаро беҳтар дарк карда, барои дастгирии ӯ роҳҳои мувофиқро интихоб намоянд. Ҳамчунин дар масъалаҳои тарбия миёни оила ва мактаб бояд ҳамоҳангӣ вуҷуд дошта бошад. Агар омӯзгор хонандаро ба масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, эҳтироми дигарон ва риояи тартиб роҳнамоӣ кунад, оила низ бояд ин арзишҳоро бо гуфтору рафтори худ тақвият диҳад. Вақте кӯдак мебинад, ки падару модар ва омӯзгор дар талаботи асосии тарбиявӣ ҳамфикранд, ба сухани онҳо эътимоди бештар пайдо мекунад.

Муносибати дуруст ҳангоми ба миён омадани норозигӣ низ аҳаммияти калон дорад. Ихтилоф ё норозигӣ аз муносибату қарори омӯзгор бояд дар суҳбати ором ва бо эҳтироми мутақобил баррасӣ шавад. Таҳқир ё паст задани омӯзгор дар назди кӯдак эътимоди ӯро ба устод заиф месозад. Дар баробари ин, андеша ва шикояти кӯдакро бояд бодиққат шунид, воқеаро одилона санҷид ва барои ҳалли масъала тадбирҳо андешид.

Иштироки муштараки волидон ва омӯзгорон дар вохӯрию ҷаласаҳои тарбиявӣ, маҳфилҳои китобхонӣ, озмунҳои илмиву эҷодӣ, тадбирҳои фарҳангӣ ва корҳои ободонии мактаб низ самарабахш аст. Чунин ҳамкорӣ ба кӯдак нишон медиҳад, ки оила ва мактаб барои рушди дониш, қобилият ва ахлоқи ӯ талош мекунанд. Қадршиносии заҳмати омӯзгор ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ӯ аз ҷониби волидон ин робитаро боз ҳам устувор мегардонад.

Дар воқеъ, обрӯи омӯзгор замоне таҳким меёбад, ки кӯдак дар муносибати оила ва мактаб ҳамдигарфаҳмӣ, адолат ва эҳтироми тарафайнро эҳсос кунад. Дар ин раванд рафтори худи омӯзгор низ нақши ҳалкунанда дорад: шунидани андешаи хонанда, қадр кардани кӯшишу пешрафти ӯ, баҳодиҳии одилона ва муносибати нек ба ҳар  кӯдак эҳтиромро ба эътимоди пойдор табдил медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Чӣ гуна метавон эҳтиром ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа таҳким бахшид?

Раҳим Саидзода:  Эҳтироми омӯзгор замоне дар ҷомеа устувор мегардад, ки дар муносибати ҳаррӯзаи мардум, эътирофи саҳми ӯ ва иҷрои кафолатҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ифода ёбад. Ин кор ҳамкории давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаро талаб мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми омӯзгорро бо эҳтироми миллат ва ҷомеа тавъам мешуморанд. Қадршиносии устод нишон медиҳад, ки ҷомеа ба илму дониш ва ояндаи фарзандон то чӣ андоза аҳаммият медиҳад. Воситаҳои ахбори омма метавонанд таҷрибаи омӯзгорони фидоӣ, усулҳои самарабахши таълим ва таъсири заҳмати онҳоро ба камолоти шогирдон муаррифӣ намоянд.  Муаррифии таҷрибаи омӯзгорони навовар, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва фароҳам овардани имкони мубодилаи таҷриба ба густариши муносибати эҳтиромона мусоидат менамоянд.

Худи омӯзгор низ бо дониш, риояи одоби касбӣ, адолат дар баҳогузорӣ ва муносибати эҳтиромона ба хонандагону падару модарон эътимоди ҷомеаро тақвият мебахшад.

АМИТ «Ховар»:  Баланд бардоштани мақоми омӯзгор то кадом андоза ба сифати таълиму тарбия таъсир мерасонад?

Раҳим Саидзода:  Баланд бардоштани мақоми омӯзгор яке аз омилҳои муҳимми беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мебошад. Омӯзгор дар донишандӯзӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккур ва тарбияи ахлоқии хонанда нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, қадршиносии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти ӯ ба натиҷаҳои таълиму тарбия таъсири назаррас мерасонанд.

Вақте омӯзгор эҳсос мекунад, ки меҳнаташ қадр мешавад ва ҷомеа ба ӯ эътимод дорад, ҳавасмандии касбиаш бештар мегардад. Ин муносибат ӯро ба такмили дониш, рушди маҳорати педагогӣ, истифодаи усулҳои самараноки таълим ва таваҷҷуҳи бештар ба пешрафти хонандагон ташвиқ менамояд. Ҳамзамон эҳтироми омӯзгор аз ҷониби оила ва ҷомеа мавқеи ӯро дар назди хонанда устувор месозад.

Мақоми баланди омӯзгор ҳамкории оила ва мактабро низ тақвият мебахшад. Эътимоди мутақобили волидон ва омӯзгор барои ҳалли масъалаҳои таҳсил, рафтор ва тарбияи кӯдак заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷониби дигар, нуфузи иҷтимоӣ ва шароити муносиб метавонанд таваҷҷуҳи ҷавонони соҳибистеъдодро ба касби омӯзгорӣ бештар намуда, ба таҳкими ҳайати кадрии муассисаҳои таълимӣ мусоидат кунанд.

Бо вуҷуди ин, эҳтирому қадршиносӣ танҳо дар ҳолате ба беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад, ки бо рушди мунтазами маҳорати касбӣ, таъмини шароити кор, арзёбии одилонаи фаъолият ва масъулиятшиносии худи омӯзгор ҳамроҳ бошад. Омӯзгор низ бояд бо донишу маҳорат ва  рафтори намунавӣ сазовори эътимоди ҷомеа гардад. Пайванди ин омилҳо ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар дониши амиқ, тафаккури мустақил, ахлоқи нек ва масъулиятшиносии хонандагон ифода меёбад.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд