Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд

Октябрь 19, 2026 10:47

ҲИСОР, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр радиои «Ҳисори Шодмон» бо пахши тугмаи рамзӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки дар замони муосир радио воситае аст, ки рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ, рушди давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва ваҳдати миллӣ нақши муассир гузошта, ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Аз ин рӯ ташкил намудани радиои «Ҳисори Шодмон» таҳти рақами 99,9FM дар самти рушди фазои иттилоотӣ, инъикоси дастовардҳои шаҳри Ҳисор ва боз ҳам наздик намудани воситаҳои ахбори омма ба мардум қадами муҳим ба шумор меравад.

Радиои «Ҳисори Шодмон» дар инъикоси воқеоти ҷаҳони имрӯз, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 19, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид