Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ҳадаф аз он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки ҳамчунин муҳимтарин унсури фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар робита ба мақому манзалати забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми забони тоҷикӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат чӣ гуна таҳким ёфтааст?
Сахидод Раҳматуллозода: Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ мақоми забони давлатӣ устувор гардад ва пайваста таҳкиму тақвият ёбад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсису фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу амалисозии барномаҳои рушди забони давлатӣ, коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, таълифу нашри адабиёти илмию бадеӣ, баргузории чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ бо забони давлатӣ, таъсису фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо забони тоҷикӣ, аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гардидани забони шевои тоҷикӣ, таълиму тадриси забони тоҷикӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз таҳкими забони давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кадом масъалаҳо бештар мавриди таваҷҷуҳи Кумита қарор доранд?
Сахидод Раҳматуллозода: Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар самти амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони кории мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, коргузорию ҳуҷҷатнигории вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», муошират ва гуфтугӯ бо забони адабӣ, номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ, истилоҳнигорӣ ва вожасозӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дода мешаванд. Дар баробари ин, самаранок амалӣ кардани бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аз масоили муҳимми иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти забон ба шумор меравад.
АМИТ «Ховар»: То кадом андоза забони тоҷикӣ имрӯз барои истифода дар технологияҳои муосир, ба хусус зеҳни сунъӣ ва воситаҳои рақамӣ омода аст?
Сахидод Раҳматуллозода: Бо забони тоҷикӣ дар давраи асримиёнагии тараққиёти забонамон масъалаҳои муҳимми физика, ҳандаса, химия ва дигар фанҳои дақиқ баён мешуданд, ки аз тарафи донишмандоне, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём ва дигарон ихтироъ ва ба роҳ монда шуда буданд. Таркиби луғавию имконоти иборасозии забони тоҷикӣ бемаҳдуд аст ва бо рақам ҳисоб кардани он ғайриимкон мебошад. Аммо гап дар бораи истилоҳоти фановарӣ меравад, ки ба воситаи технологияи нав ба забонҳои дунё ворид шудаанд. Бо доштани сарвати бемаҳдуди калимасозию ибораороӣ забони тоҷикӣ имконоти фарохи фарогирии фанновариҳои муосир, аз ҷумла, ҳуши маснуӣ ва фанновариҳои рақамиро доро буда, барои истифода дар ин самт пурра омода мебошад. Дар ин самт мутахассиси забондон ва ғамхори забони тоҷикӣ метавонад дар самти фановариҳо корро ба содагӣ матраҳ намояд. Мо умед дорем, ки муассисаҳои марбута дар ин самт бо мо ҳамкорӣ мекунанд.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир истилоҳоти нав дар соҳаҳои илму техника, иқтисод, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар бахшҳо зиёд шудаанд. Кумита барои мутобиқ ва дақиқ гардонидани ин истилоҳот чӣ тадбирҳо меандешад?
Сахидод Раҳматуллозода: Рушди бомароми илму техника дар замони муосир тақозо менамояд, ки дар тамоми соҳаҳо истилоҳ ва вожаҳои нав ворид ва мавриди корбарӣ қарор гиранд. Дар асоси бандҳои 44 Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ уҳдадор шудаанд, ки оид ба истилоҳҳои соҳавӣ луғату фарҳангномаҳо таълиф намуда, барои мувофиқа ба Кумитаи забон ва истилоҳот манзур намоянд. Дар ин самт дар Кумита комиссияи ҳамгунсозии истилоҳот бо ҷалби олимону донишмандон ва коршиносони соҳа амал менамояд, ки дар муҳлати муқарраршуда луғату фарҳангномаҳои истилоҳоти нави соҳавиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, хулосаи мутобиқати истилоҳотро пешниҳод менамояд. Агар дар забони тоҷикӣ муодили истилоҳоти нав мавҷуд бошад, аз он истифода карда мешавад, вагарна шакли аслии истилоҳи нав мавриди корбарӣ қарор мегирад. Ин самти фаъолиятест, ки ҷомеаи илмии Тоҷикистон ба он машғул аст.
АМИТ «Ховар»: Барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии забонии ҷомеа ва пешгирии ғалатҳои забонӣ дар навиштаҷоти ҷамъиятӣ чӣ бояд кард?
Сахидод Раҳматуллозода: Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола озмунҳои зиёд гузаронида мешаванд. Агар хоҳем ҷомеаи мо доно бошад, пиру барноро ба ин озмунҳо бояд ҷалб намоем.
Дар баробари хондани осори адабию илмӣ баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ оид ба забони давлатӣ ба омӯхтани қавоиду меъёрҳои забони тоҷикӣ марбут мебошад. “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” тақозо менамояд, ки тамоми вазорату корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои омӯхтану азхудкунии забони давлатӣ, хусусан қоидаҳои имло, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, меъёрҳои услубию грамматикии забон, таълиму тадриси забони давлатӣ дар байни кормандонашон тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешанд. Барои роҳ надодан ба ғалатнависӣ беҳтар аст ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудааст ва адабиёти марбут ба забони тоҷикӣ рӯй оварда шавад.
АМИТ «Ховар»: Нақши мактаб ва омӯзгор дар ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
Сахидод Раҳматуллозода: Дар замони Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд ва ин соҳаро соҳаи афзалиятнок меҳисобанд, ки комилан дуруст аст. Дар муассисаҳои таълимӣ, хушбахтона, китобҳои дарсӣ, воситаҳо ва дастурҳои таълимӣ асосан ба забони тоҷикӣ мебошанд, ки дар забондонии шогирдон воситаи муҳим ба шумор мераванд. Мактаб ва омӯзгор барои рушду ҳифзи забони тоҷикӣ нақши бориз дошта метавонанд ва онҳо вазифадоранд, ки шогирдонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия карда, дар зеҳну шуури шогирдон пос доштан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатиро ҷойгир созанд.
АМИТ «Ховар»: Барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
Сахидод Раҳматуллозода: Истифодаи дурусти забони давлатӣ дар интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳар ҷавони бонангу ор ва меҳанпарасту миллатдӯст вобаста мебошад. Агар ҷавонон ифтихору ҳувияти миллии баланд дошта бошанду худшиносию худогоҳӣ дар қалбашон ҷӯш занад, ба омӯзиши забони миллӣ камари ҳиммат баста, ба ғалатнависию ғалатгуфторӣ роҳ нахоҳанд дод. Ташкили дарсҳои маҷозӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии мамлакат барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар ин самт ба истифодабарандагони шабакаҳо муроҷиат карда гуфтан мехоҳем, ки интернет минбар аст, онро миллионҳо нафар мебинад ва ин моро водор месозад, ки фарҳанг ва маданияти баланди ориёии худамонро тавассути забони ноб ва беолоиш нишон диҳем. Тавассути ин минбари баланд ба оламиён нишон диҳем, ки мо ба қадри арзишҳои миллиамон мерасем ва аз ҷумла барои тозаю беолоиш нишон додани забонамон тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем. Эҳтироми забон дар минбарҳои баланд обрӯи шахсро низ баланд мегардонад. Вақте ба минбари интернетӣ ва шабакаҳои он мебароем, бояд ориёӣ буданамонро фаромӯш накунем, аз лутфи сухан ва фарҳанги баланди суханварӣ кор гирем.
АМИТ «Ховар»: Дар самти ҳифзи забони тоҷикӣ ҳамчун мероси миллӣ ва ҳамзамон мутобиқ кардани он ба талаботи ҷаҳони муосир кадом вазифаҳо муҳимтар мебошанд?
Сахидод Раҳматуллозода: Барои ҳифзи забони тоҷикӣ ба ҳайси мероси гаронбаҳои миллӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи ҷаҳони муосир тадбирҳои зайл зарур дониста мешаванд:
— иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
— таълиму тадриси самараноки забони давлатӣ дар мактабҳои олию миёна;
— таълифу нашри адабиёти илмию бадеии осори гузаштагон барои омӯзиши забони тоҷикӣ бештар ба роҳ монда шавад;
— истифодаи оқилонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забон ба хотири ҳифзу нигаҳдошти забони давлатӣ;
— такмили истилоҳнигорӣ ва вожасозӣ, махсусан дар соҳаи фановариҳои рақамӣ, навовариҳои илму техника ва ҳуши маснуӣ;
— эҷод ва таълифи асару абёти пурмазмун оид ба забони тоҷикӣ.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






