«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб дониста шуда, бо Диплом ва ҷоиза сарфароз гардонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Кохи Ваҳдат Форуми байналмилалии сармоягузории G10 бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар доираи он Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол-2026» ҷамъбаст карда шуд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи соҳибкорон Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол-2026»-ро аз рӯи 18 номинатсия ҷамъбаст намуд.
Ҳадафи озмун муайяннамоӣ ва қадрдонии соҳибкороне мебошад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор, амалӣ намудани технологияҳои муосир, рушди содирот ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ин дастовард барои Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» нишонаи эътирофи фаъолияти самараноки бонк, саҳми он дар рушди низоми бонкии мамлакат ва дастгирии соҳибкории ватанӣ мебошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






