Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 24, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз ёфта буд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар корхона ду хатти муосири истеҳсолӣ бо таҷҳизоти пешрафта насб гардидааст. Дар корхона намудҳои гуногуни мебел барои хонаҳои истиқоматӣ, ошхона, муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо, инчунин, дарҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли дарҳои чӯбин дар ин корхона то 60 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Қисми назарраси равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад, ки ин омил барои баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ мусоидат менамояд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими таъсиси корхона фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 100 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Барои кормандон, ҳамчунин, хобгоҳ бо 60 кат ва ошхона барои 80 кас пешбинӣ шудааст.

Масъулини корхона нақша доранд, ки дар оянда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нуқтаҳои савдои худро таъсис дода, доираи пешниҳоди маҳсулотро васеъ намоянд. Ин тадбир барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меорад.

Ба истифода додани корхонаи Алянс мебел қадами дигар дар самти рушди саноати миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди чунин иншооти истеҳсолӣ бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пешрафти иқтисоди кишвар ва ободонии Ватани маҳбубамон аст.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии Алянс мебел дар шаҳри Ваҳдат 24.10.2026

Октябрь 24, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия