Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиёту логистика ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои ду кишвар бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобил ва пайвандҳои таърихию фарҳангӣ рушд ёфта, барои густариши минбаъдаи ҳамкории судманд имконияти васеъ фароҳам мебошад.
Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро барои афзоиши гардиши савдои дуҷониба то ба як миллиард доллар таъкид намуданд. Дар ин замина, фаъол намудани ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузории муштарак ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Эрон изҳори омодагӣ намуданд.










COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






