«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Зимни он 36 нафар ғолиб гардида, ба даври чорум роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» нахустин маротиба дар сатҳи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат ва тарбияи насли донишманду худогоҳ аҳамияти хосса дорад.
Натиҷаҳои давраҳои озмун дар пойтахт нишон доданд, ки таваҷҷуҳ ба мутолиа ва омӯзиши «Шоҳнома» дар байни хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли зиё рӯ ба афзоиш дорад.
Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Дар даври дуюм, ки дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, 6 ҳазору 453 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи рақобати солим ва арзёбии донишу маҳорати довталабон 155 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар маросими ҷамъбасти даври сеюми озмун 18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки шогирдонашон ғолиб омадаанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






