«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ дар доираи Конвенсияи Кунмин-Монреал ва афзалияти Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Котиби иҷроияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба гуногунии биологӣ хонум Астрид Шомакер дар Ереван баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Баҳодур Шерализода ба Котиби иҷроия доир ба навсозии «Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» ва Нақшаи амалӣ он, ки бо ҳадафҳо ва вазифаҳои ҷомеаи имрӯза мувофиқанд, маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар таҳияи ҳадафҳои навшуда ва механизмҳои татбиқ равишҳо барои тамоми ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд.
Инчунин таваҷҷуҳи махсус ба мутобиқсозии ҳадафи ҷаҳонии «татбиқи 30 ҳадаф то соли 2030» нигаронида шуд. Гуфта шуд, ки ин ҳадаф ба шароити Тоҷикистон муносиб аст, зеро қисми зиёди қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва яке аз вазифаҳои муҳим ин нигоҳдории тавозуни экосистемаҳои табииӣ мебошад. Тарафҳо ҳадафҳои миллии дахлдорро, ки ба нишондиҳандаҳо ва уҳдадориҳои ҷаҳонӣ равона гардидаанд, афзал шумориданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳо ҳамгироии стандартҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллиро таъкид намуда, ҳамоҳангии муқаррарот ва принсипҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологиро бо Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул шумориданд.
Дар мулоқот имконияти ҷалби захираҳо аз Фонди ҷаҳонии гуногунии биологӣ (GBFF) ва Фонди ҷаҳонии экологӣ (GEF) низ баррасӣ шуданд. Инчунин ба густариши иштироки кишвар дар барномаҳои маблағгузории донорҳои CBD, ба хусус барои барномаҳои мавзуӣ оид ба механизми асосии молиявии Конвенсия ва Фонди ҷаҳонии экологӣ (GEF) таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонӣ барои рушди устувор ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид






