«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад

Октябрь 15, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр, соати 09:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Анҷумани мазкур  иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст. Анҷуман аз панҷ бахш иборат буда, бахшҳои он мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол» ва  «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро фаро мегиранд.

Дар доираи Анҷумани сеюми забоншиносон саёҳати меҳмонон-иштирокдорон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.

Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, ба мисли  Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.

Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Он пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Октябрь 15, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид