«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд

Октябрь 16, 2026 15:35

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» баргузор гардид. Дар кори он забоншиносону муҳақиқони зиёда аз даҳ давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар анҷуман изҳор гардид, ки баргузории чунин ҳамоиши бонуфуз, пеш аз ҳама, нишонаи эҳтиром ба мероси гаронбаҳои забониву фарҳангии муштарак, арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни башарӣ ва талош барои таҳкими робитаҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои дӯсту бародар мебошад.

Зимни ифтитоҳи Анҷуман Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни анҷуман расонид.

Анвар Сафарзода гуфт, ки «дар соли таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ин анҷуман басо рамзӣ ва дорои аҳамияти хосса аст. Зеро маҳз Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва рушди робитаҳои фарҳангиву илмии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои нав фароҳам овард».

Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ аз қадим танҳо забони шеъру адаб набуд. Он забони илму дониш, фалсафа, тиб, нуҷум, риёзиёт ва дигар соҳаҳои маърифати инсонӣ низ ба шумор мерафт. Осори илмии Абуалӣ ибии Сино, аз ҷумла «Донишнома», инчунин «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ аз имкониятҳои бузурги ин забон дар баёни мафҳумҳои мураккаби илмӣ ва андешаҳои дақиқи назариявӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ масъалаи ҳифз, таҳким ва рушди забони миллӣ ба яке самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтаст.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода афзуд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд».

«Бо забони тоҷикӣ ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллат тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд»,- афзуд Сахидод Раҳматуллозода.

Баён гардид, ки имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи «Деҳхудо» (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд.

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама далели тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад

Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, ба мисли Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.

Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Он пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани сеюми забоншиносон то 18 октябр идома ёфта, дар доираи он саёҳати меҳмонон-иштирокдорон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.

Анҷуман аз панҷ бахш иборат буда, бахшҳои он мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол» ва «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро фаро мегиранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 16, 2026 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд