Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,6 фоиз ва кишоварзӣ 8,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ 8542 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Давоми 10 моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 12 миллиарду 250 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 76 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва дигар зироат, шудгори тирамоҳӣ, захираи тухмии хушсифат, таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав ва оғози маъракаи ниҳолшинонии солҳои 2026–2027 идома доранд.
Дар соҳаи сохтмон тибқи нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8542 иншоот ба маблағи умумии 7,2 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 136,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар баробари ин чанд иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ низ бунёд гардид.
Дар бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон, варзиш ва оила низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла, дар солҳои 2022–2026 дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 707 иншооти соҳаи маориф бо 5353 синфхона барои 267 ҳазору 650 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид






