Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ–августи соли 2026 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ҷумҳурӣ ба 23 миллиарду 583,8 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 25,5 фоиз зиёд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, таҳлили нишондиҳандаҳо аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт шаҳодат медиҳад, ки афзоиши назарраси ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соҳаи хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра ба соҳаи мазкур 2 миллиарду 465 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳашт моҳи соли 2025 92,2 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соҳаи савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 4 миллиарду 77,6 миллион сомонӣ, кишоварзӣ- 3 миллиарду 145,3 миллион сомонӣ ва сохтмон 827,8 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мутаносибан 44,3, 30,9 ва 23,7 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ҳаҷми қарзҳои истеъмолӣ 6 миллиарду 966,5 миллион сомонӣ, қарзҳои саноатӣ 1 миллиарду 569,4 миллион сомонӣ ва қарзҳои автомобилӣ 846,9 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон сиёсати қарздиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкӣ маҳсуб шуда, имрӯз ин раванд дар мамлакат хеле тақвият ёфтааст. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар тамоми мулоқоту суханрониҳояшон ба масъалаи дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявии осону арзон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Имрӯз ташкилоти қарзии молиявӣ ба ҳайси миёнарави молиявӣ пешниҳоди қарзҳоро ба мизоҷон аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи музднок бо муҳайё намудани тамоми шароиту имконият амалӣ менамоянд.
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «ба хотири ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ ба роҳ монда шаванд. Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад».
АКС аз бойгонӣ








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






