АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик дар симои шахсияти абармарди ҷаҳони сиёсат тавонист дар ҳасостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.
— Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар ду бо ҳам тавъаманд ё пайвасти ногусастанӣ доранд, фикру мулоҳизаҳои хешро пешкаши хонандагон гардонам.
Тавре маълум аст, 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе истироҳат таҷлил карда мешавад.
Воқеан ҳам, дар шароити муосир ва зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳар қавму миллат ба зуҳури шахсияти сиёсӣ ва худфидо дар роҳи Ватан беш аз пештар ниёз дорад. Зеро таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тақдири тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад.
Хушбахтона, ин равандро таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар симо ва шахсияти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, зеро маҳз ин шахсияти бузурги таърихӣ қодир гардид, ки халқи моро дар мушкилтарин масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ намуда, дар қалбу дидаи онҳо шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоистаро ба таври бебозгашт фурӯзон нигоҳ доранд.
Яъне, амалан метавон афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзҳои нахустини по бар арсаи роҳбарӣ ниҳодан ба мардуми тоҷик раҳбару раҳнамо ва ворису пешво гардида, ташаббусу ибтикорот ва иқдомҳои башардӯстонаашон боиси дастгирии тамоми аҳли сайёра гардидааст.
Дар ин замина ёдовар шудан бамаврид аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Яке аз дигаргунии ҷиддие, ки дар ҳамон давра падид омад, ин ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни ин иҷлосия қабул карда шуд. Ҳамзамон соли 1994 бо таваҷҷуҳ ба қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба низоми президентӣ табдил дода шуда, дар асоси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Баъди баргузории ин рӯйдодҳои таърихӣ миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии шахсияти сарсупурдаи миллат- Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми арсаҳои давлатдориро рушд диҳад ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон бо гузаштаи беш аз ҳазор сол таҳкиму устувор гардад.
Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ва аввалиндараҷаи давлатдории миллӣ ноил гардид. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти якчанд созмон ва ташкилоти сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба расмият шинохта шуд. Хушбахтона, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии созандаи он дар масъалаҳои муҳим ва саривақтии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо мекунанд, ки ин боиси ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат аст.
Иҷлосияи таърихӣ бо қабули қарорҳои таърихии барои миллату давлати навбунёди тоҷикон зарурӣ аз ҳодисоти сарнавиштсоз ва раҳнамунсоз ба он гардид. Барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба қабули 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ замина гузошт, ки рушди ҷомеа ва низоми аз байн рафтаи онро мушаххас сохта, роҳҳои қонунии ҳалли онҳоро муайян кард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ояндаи кишвари мо ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.
Тавре маълум аст, мамлакати мо то соли 1997 пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки онро ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои фидоии миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд. Дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳамзамон барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат дар ин иҷлосияи тақдирсоз дар маҷмуъ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозиданд.
Мавриди таъкиди хос аст, ки хизматҳои қиёснопазире, ки дар заминаи набуди камтарин имконияти молӣ барои таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид аз ҷониби Пешвояш рӯйи даст гирифта шуд, баҳояшро таърихи як садсолаи охири башар қариб, ки ёд надораду ба ҷуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам онро анҷом надодааст…
Ҳақ бар ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз зимни қабули ин сана иброз дошта буданд, “лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.”
Аслан, тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият менамоянд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихороти ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.
Ҳарчанд дар кишвар ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъанаву суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо байни ин ҳама ҷашнҳо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мардуми шарифи кишвари офтобиву шукуфоямон нақш ва мақоми хосса дорад. Зеро таҷлили шукуҳманди ин санаи арзишманд моро водор ба он месозад, ки самимияту эҳтироми хосса ва арҷгузориҳои худро дар Рӯзи Президент ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоем.
Дар маҷмуъ, ба таври мухтасар ва сароҳатан метавон ин сана, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги умумимиллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ, бузургдошти Ватану миллат ва Президент унвон кард ва Пешвои миллатро шахсияти боризи сиёсӣ ва лидери умумимиллие хонд, ки гавҳару ҷавҳар ва кишвару минбарашон дарси ибрат барои ҳар шаҳрванди бедордилу соҳибватан ва дигар сокинони саёра мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди иҷлосияи тақдирсоз мо бояд даст ба дасти ҳамдигар дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон бештар талош варзида, дар бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузорем.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






