Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд

Ноябрь 5, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 то 31 октябр дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии Арбитраж оид ба ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ва Конфронси кории роҳбарони палатаҳои савдо ва саноат баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин сафар ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси низоми самарабахши арбитражи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ доир шуд.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ (ICDPASO) ва Кумитаи мусоидат ба рушди тиҷорати байналмилалии Синҷон (CCPIT) ташкил карда шуда, дар он намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Муғулистон низ иштирок карданд.

Мақсади асосии иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин форум мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо ва ба роҳ мондани заминаҳои устувори ҳуқуқӣ барои фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар мамлакат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли 2026 дар мулоқот бо соҳибкорон махсус таъкид намуданд, ки рушди арбитраж барои ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва ҷалби сармоя аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар доираи форум ҳамчунин конфронси кории роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Синҷон ва мамлакатҳои ҳамсоя доир шуд. Дар он иштирокчиён равишҳои амалии ҳалли баҳсҳо, рушди долони тиллоии Авруосиё ва таҳкими муштараки рушди иқтисодии минтақавиро баррасӣ ва пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд