Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд

Ноябрь 4, 2026 08:55

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда барои семоҳаи сеюми соли 2026 ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, идоракунии захираҳои об, рушди инфрасохтор ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ  баррасӣ карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Бонки Осиёии рушд ва агентиҳои иҷроияву татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба арзёбии натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда, иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, риояи муҳлатҳои амалисозӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда равона гардид.

Ҳамзамон масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунии лоиҳаҳо, таъмини шаффофияти харид, риояи талаботи молиявию экологӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои масъул муҳокима шуданд.

Дар доираи ҷаласа самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд барои солҳои 2026–2030, аз ҷумла рушди инфрасохтори устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва тавсеаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷом барои суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо, ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва таъмини истифодаи самараноки маблағҳои сармоягузорӣ вазифаҳои минбаъда муайян гардиданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2026 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад