Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид

Ноябрь 4, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон  бо Маркази минтақавии дастгирии лоиҳаҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи фармасевтика дар мулоқоти  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони Маркази минтақавии дастгирии лоиҳаҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай  ва сармоягузорони Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории сармоягузорӣ, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин имконияти ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ба хусус соҳаи фарматсевтика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, рушди иқтидори истеҳсолии соҳаи фарматсевтика, татбиқи технологияҳои муосир ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ширкатҳои чинӣ дар ин самт равона гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, муайян намудани лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва роҳҳои мусоидат ба татбиқи амалии онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколама, таҳкими робитаҳои корӣ ва омӯзиши минбаъдаи имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи фарматсевтика изҳори омодагӣ намуданд.

        АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 4, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад