Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад

Ноябрь 20, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи осорхонашиносӣ ва бостоншиносӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, анҷом додани ковишҳои илмӣ дар ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мутахассисони кореягӣ зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва намояндагони Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Вохӯрӣ дар доираи густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баррасии имконияти таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳифз, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, инчунин ҷалби грантҳои байналмилалӣ барои рушди фаъолияти осорхонавӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон ба масъалаҳои рақамикунонии фондҳо ва нигораҳои осорхонавӣ, таъсиси махзани электронии осори таърихию фарҳангӣ, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҳияи аудиогидҳои бисёрзабона, истифодаи технологияҳои интерактивӣ ва такмили фаъолияти экспозитсионию намоишгоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо имконоти ҷалби грантҳо ва маблағгузории байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи барномаи Кумаки расмии рушд (Official Development Assistance — ODA)-и Ҷумҳурии Кореяро барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои тармиму барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонии толорҳои намоишӣ бо воситаҳои муосири техникӣ, такмили инфрасохтори осорхона ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба тамошобинон баррасӣ намуданд.

Масъалаҳои ташкили даврҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони илмӣ, бостоншиносон, тармимгарон ва дигар мутахассисони соҳаи осорхонашиносӣ, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ аз самтҳои муҳими музокирот ба ҳисоб рафтанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои идомаи ҳамкории судманд, таҳияи пешниҳодҳои муштарак ва ҷустуҷӯи имконияти нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор изҳори омодагӣ намуданд.

Густариши ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея метавонад барои рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори моддию техникии осорхона заминаи мусоид фароҳам оварад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад