Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи саноат барои солҳои 2027 ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи саноат барои солҳои 2027 дар доираи таҳкими ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур ба густариши ҳамкории амалии ду давлат дар соҳаи саноат, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва татбиқи чорабиниҳои мушаххаси муштарак дар соли 2027 равона гардидааст.
Ҳамчунин Созишнома оид ба рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории дарозмуддат дар соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати кӯҳию металлургӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти истифодаи самараноки захираҳои маъданӣ, рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баимзорасонии санадҳо қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон буда, барои таҳкими робитаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи мутақобил ва истифодаи имконияти мавҷудаи саноатии ду мамлакат аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






