Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад

Ноябрь 5, 2026 11:05

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 4 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми иқтисодии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ – СПЕКА баргузор гардид. Дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ба масъалаи таҳияи харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои мутақобил ва тавсеаи истифодаи имконияти мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СПЕКА яке аз чорабиниҳои муҳими минтақавӣ буда, ҳамасола дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Тоҷикистон соли 2024 мизбони ин форум буд, ки он таҳти унвони «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» доир гардид.

Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) соли 1998 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 5, 2026 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд