Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид

Ноябрь 5, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Ҳаной вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Каландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Мин Ханг баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти  фаъолгардонии робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, густариши заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба ва истифодаи самараноки имконияти мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи шарокати мутақобили судманд таъкид намуданд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули афкор доир шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 5, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд