Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад

Ноябрь 15, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз лимӯпарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ табдил ёфта, даромади устувор ва талаботи зиёди аҳолӣ ба ин меваи гармидӯст боис гардидааст, ки шумораи хоҷагиҳои лимӯпарвар дар мамлакат сол ба сол зиёд шавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии «Мурод»-и Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия яке аз хоҷагиҳои лимӯпарвар маҳсуб мешавад. Дар хоҷагӣ  дар 1 гектар гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда шудааст, ки ҳамасола аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар баробари таъмини бозори дохилӣ инчунин ба хориҷи мамлакат, ба хусус ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз як гектар гармхонаи лимӯ аз 25 то 30 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Ин барои деҳқонон даромади устувор оварда, хароҷотро пурра мепӯшонад.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алимаҳмад Абдусатторзода иброз намуд, ки лимӯпарварӣ дар ноҳия сол ба сол рушд намуда, сокинон талош доранд на танҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ низ гармхона бунёд кунанд. Зеро имрӯз талабот ба лимӯи ватанӣ чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ хориҷӣ меафзояд.

Дар баробари мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти ноҳия дар Хоҷагии деҳқонии «Мурод» барои сокинони маҳаллӣ, ба хусус занони хонанишин ҷойи нави кор фароҳам оварда шудааст, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд