Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд

Ноябрь 19, 2026 14:56

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии мутахассисони пешбари соҳаи об бо донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни муҳокима коршиносон донишҷӯёнро бо ислоҳоти ҷорӣ, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, раванди рақамикунонии соҳа ва имконияти васеи касбие, ки барои мутахассисони ҷавон дар соҳаи оби Тоҷикистон фароҳам оварда мешаванд, шинос намуданд.  Донишҷӯён низ саволу пешниҳодҳояшонро ба намояндагони вазорати соҳавӣ ва шарикони байналмилалӣ манзур намуданд.

Вохӯрӣ дар доираи татбиқи «Барномаи комплексии ҷалби ҷавонон ба соҳаи оби Тоҷикистон» баргузор шуд. Ҳадафи асосии он аз тарғиби касбҳои соҳаи хоҷагии об ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба яке аз соҳаҳои стратегии мамлакат иборат буд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2026 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд