Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ҷамъомади бошукӯҳи сиёсию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақому манзалати хосса дошта, таҷассумгари роҳи пуршарафи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Иброз гардид, ки маҳз таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои бисёр ҳассосу сарнавиштсоз гузашта, имрӯз ба сӯи марҳалаҳои нави рушду пешрафт бо қадамҳои устувор раҳсипор мебошад.
Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар муҳим арзёбӣ гардида, сокинон ба эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ даъват карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон ва анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик ба маъраз гузошта шуданд, ки аз таъриху фарҳанги ғанӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва ҳунарварии мардуми тоҷик шаҳодат медоданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






