Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Саидзода Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд.
Дар паёми табрикӣ оид ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ин сана дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳо дарҷ гардида буд.
Таъкид шуд, ки барои эҳёи давлатдории миллӣ баъди ташаккули институти Президентӣ дар кишвар ва хизматҳои фидокоранаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам омад.
Дар ҷамъомад, ҳамчунин, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон Маҳмадалӣ Ватанзода андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар таҷлил гардида, барои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти хосса дорад.
Дар чорабинӣ оид ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди интихоби Роҳбари давлат сарчашмаи эҳёи давлатдории тоҷикон гардид, андешаронӣ карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид






