Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 6, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаи 13-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самарабахши онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Маҳз ин меъёри олии конститутсионӣ масъулияти мо – кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро чанд баробар зиёд мекунад. Ин матлабро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия  иброз намуд.

Хуршед Бобозода гуфт, ки Конститутсия на танҳо асосҳои сохтори сиёсиву ҳуқуқиро муайян намуд, балки барои рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи боэътимод гузошт. Барои мо, кормандони соҳаи идораи замин ва геодезӣ ин ҳуҷҷат роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯза мебошад. Танзими дурусти муносибатҳои замин, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, геодезия, топография ва харитасозӣ, инчунин назорати устувори истифодаи самараноку мақсадноки замин вазифаи бевоситаи мост, ки аз ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба дастовардҳои назарраси соҳавӣ ноил мегардад. Аз ҷумла, раванди рақамикунонии соҳа суръат гирифта, бақайдгирии замин ва молу мулк ба шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи корбарӣ хизматрасониро ба аҳолӣ шаффофтар, дастрастар ва осонтар мекунад.

«Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар соҳаи заминсозӣ ва ташкили харитаҳои дақиқи геодезии ҷумҳурӣ уҳдадориҳои асосии мо ҳастанд, ки мо онҳоро бо шараф иҷро мекунем. Ҳифзи ин замин, обод кардани он ва ба насли оянда ба мерос гузоштани заминҳои ҳосилхез ва обод – ин садоқат ба Конститутсия ва Ватан аст»,- таъкид шуд дар ҷамъомад.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 6, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд