Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 5, 2026 15:39

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози давлатдорӣ дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа нақши калидӣ дорад. Қабули Конститутсия заминаи устувори ҳуқуқиро барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фароҳам овардааст.

Эҳтиром ва риояи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти масъулона дар доираи талаботи қонунгузорӣ вазифаи ҳар корманд ва шаҳрванди мамлкат мебошад. Дар ин замина, кормандони Палата низ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ саҳми арзанда гузоранд.

Дар фазои тантанавӣ як зумра кормандони Палата, ки ба синни нафақа расида, фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиро ба анҷом расониданд, бо изҳори сипос ва қадрдонӣ барои саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти Палата ба нафақа гусел карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади тақвияти иқтидори кадрӣ ва фароҳам овардани имконият барои ҷалби неруи нави касбӣ як гурӯҳ мутахассисони ҷавону соҳибистеъдод ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарӣ таъйин гардиданд.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, аҳаммияти эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеаро ифода намуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд